Баргузории намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ваҳдатофар” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 23.06.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 26 – солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ваҳдатофар” баргузор гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои куҳансолон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳудуди шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ибтидо меҳмонон аз намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ нигораҳо аз раванди музокирот ва расидан ба сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, мусаввараҳои офаридаи рассомон пешниҳод шудаанд, ки доир ба ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми тоҷик қисса мекунанд.
Ваҳдат – омили асосии сарҷамъии миллат буда, нигораҳои дар намоиш пешниҳодшуда баёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ дар толори Осорхонаи миллӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, узви Коммисияи Оштии Миллӣ Бозгул Додихудоева, аъзоёни Шӯрои куҳансолон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Адолат Уроқова, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, Раиси кумитаи иҷроияи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишоев Карамалӣ Нуралишоевич суханронӣ намуданд. Дар конференсия миёни ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва муҳақиқони соҳа дастовардҳои ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи таърихии сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Намоиши «Ваҳдатофар» дар Осорхонаи миллӣ то санаи 1.07.2023 идома меёбад.