Ва боз ҳам хушхабар! Кашфи зарфи катибадор аз ёдгории Ҳалқаҷар!

Ва боз ҳам хушхабар! Кашфи зарфи катибадор аз ёдгории Ҳалқаҷар!

Дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ, дар ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз ҷониби экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи миллӣ бозёфти басо нодири таърихӣ – кӯзаи дудастаи катибадор кашф гардид.
Дар танаи кӯза бо хат ва забони бохтарӣ навиштаҷот мавҷуд аст.
Бо пайдо гардидани навиштаҷоти мазкур мутахассисони Осорхонаи миллӣ ҷиҳати хондану таҳқиқи он ба муҳаққиқони барҷастаи забонҳои қадимии Эрони шарқӣ – Николас Симс Вилиямс ва Ҷо Крибб муроҷиат намуданд. Олимони мазкур кашфи бозёфти нодирро бо хушнудӣ истиқбол намуда, онро чунин хониш намуданд:

“eiado gō(l)z[o ]sido finzo sagkino ol(o) mo(.)”
“ИН ОБКӮЗАИ ХОНУМИ САГКИН АСТ”.

Боиси зикр аст, ки мутахассисони Осорхонаи миллӣ аллакай дуюмин катибаҳои бохтариро, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, кашф намуданд.
Аҳамият ва арзиши илмии ин катиба дар он аст, ки он дар шакли комил пайдо гардидааст.
Бешак навиштаҷоти мазкур дар илми забоншиносӣ ва таърих боз як саҳифаи тозаро бозкушоӣ менамояд.