Ташрифи Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Осорхонаи миллӣ
Ташрифи Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 08.10.2025 Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ меҳмонон бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири он ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Пас аз тамошои Осорхонаи миллӣ Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.
Дар охир, ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.








