Ташрифи Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия …
Ташрифи Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу ба Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 29.05.2025 Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу ва ҳайати меҳмонони олиқадр, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, аз ҷониби корманди муассиса ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Тавассути сайри осорхонавӣ дар толори пиряхҳо ва толори махсуси экспозитсионии шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз наздик муаррифӣ карда шуд. Инчунин дар рафти сайри осорхонавӣ, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу ва ҳайати меҳмонон аз наздик бо таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни шиносоӣ бо таърих, тамаддун, ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик меҳмонон ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини оби нушокӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳоро амали зарур ва саривақтӣ шумурда, онро баланд баҳогузорӣ намуданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро дарҷ намуданд.