Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Санаи 26 июни соли 2019 Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафар аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ меҳмонро бо ҳайаташ дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона истиқбол гирифт. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ҷавони Осорхона бо забони англисӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон экспозитсияи толорҳои намоиширо бо мароқи зиёд тамошо карда, ба таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик ошно шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки Залмай Халилзод ба бозёфтҳои гуногуни ёдгориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар экспозитсияи толорҳои намоишии ОМТ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, мароқ зоҳир намуда, дар ин миён саволу посухҳои зиёде сурат гирифтанд.
Сипас Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.