Тӯҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд
Тӯҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд
29.10.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар доираи ин боздид аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад мусаввара тӯҳфа карда шуд.
Андозаи умумии мусаввара 145х175 см буда, дар маркази он тасвири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолати росто наққошӣ шудааст. Дар пасманзари он дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ба монанди нақби Истиқлол, Роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалидошта, эстакадаи шаҳри Душанбе, кӯҳҳои осмонбуси кишвар ва дигар бинову иншоотҳои наву замонавӣ бо санъати баланди тасвирӣ инъикос гардидаанд.
Ин тӯҳфаи нодир дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардида, ҳоло дар толори толори намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ дар гушаи алоҳида тибқи муқарароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Барои аз наздик шинос шудан бо ин тӯҳфаи нодир, марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!