Шиносоии Зубайр Маҳмуд Ҳаёт аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик
Рӯзи 30.05.2018 Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт баҳри ошно гардидан аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ ва бо забони асосии аҳолии Ҷумҳурии Исломии Покистон (урду) сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон ба бозёфтҳои ҳамаи давраҳои таърихии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуданд.
Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаёт чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон тассуроти хешро чунин дарҷ намуд: “Таърихеро, ки ман имрӯз дидам “таърихи муштарак”-и мо мебошад. Мо аз ин ифтихор дорем. Ташаккури зиёд барои ҳифзи он”.