Боздиди Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи 20 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарварии директори Осорхона Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони урду, ки забони асосии аҳолии Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад, сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуданд. Аз ҷумла ба бозёфтҳои давраҳои Ҳахоманишиҳо, Панҷакенти қадим, давлати Сомониён, китобҳои нодир дар гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик – “Меҳроби Искодар”, санги катибадор дар толори “Хушнависӣ” (навиштаҷоти Мирзо Бобур дар рӯи санг) ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мароқи бештар зоҳир карда шуд.

Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик огаҳии бештар пайдо намуданд.

Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.