Сада муждарасони Наврӯз

Рӯзи 28.01.2021 ба ифтихори ҷашни Сада дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бо иштироки олимону пажӯҳишгарони марказҳои илмӣ-фарҳангии кишвар зери унвони “Сада муждарасони Наврӯз” конференсияи илмӣ-назариявӣ (мизи мудаввар) доир гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории конференсияи мазкур эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба санаву ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик махсусан ҷашни Сада ба ҳисоб меравад.

Дар конференсия кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимону пажӯҳишгарони факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада, эҳёи он дар замони Истиқлолияти давлатӣ, инъикоси ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои санъати тасвирӣ гузоришҳои илмӣ манзур намуданд.

Муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода З. зимни суханронии хеш зикр намуд, ки дар миёни дигар ҷашнҳои миллии ниёгонамон, ҷашни Сада ҷой ва мақоми хосса дорад, зеро он дар саргаҳи ин ҷашҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад.

Қурбонов Баҳром – доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сада ҷашнест аз Аҷам ёдгор” маърӯза намуда, иброз дошт, ки ҷашни бостонии Сада бо достони кашфи оташ пайвандӣ дошта, аз дербоз дар сарзамини кӯҳанбунёди Аҷам дорои пайванди амиқи таърихӣ дорад.

Сипас, Шоев Ғайратшо – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сада ҷашни ориёӣ” гузориши илмӣ намуда, қайд намуда, ки ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми ориёӣ буда, дар осори илмию фарҳангии абармандони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ ва чанде дигарон оид ба ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумотҳои ҷолибу рангин ва муфассал дарҷ гардидааст.

Баъдан, Қиматшоев Мафтун – муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи МД ОМТ дар мавзӯи “Аз таърихи пайдоиши ҷашни Сада” баён дошт, ки ҷашни Сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс буда, дар оғози шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.

Пас аз он Зарипов Алишер – сардори шуъбаи илмӣ-методии МД ОМТ дар мавзӯи “Эҳёи ҷашни Сада дар замони Истиқлолияти давлатӣ” маърӯза намуда, тазаккур дод, ки баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон анъанаву суннатҳо ва як қатор ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёдамон ба монанди Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол то сол ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Мусоев Муҳаммад – сардори шуъбаи мероси хаттии МД ОМТ дар дар маърӯзаи хеш бо номи “Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ” изҳор дошт, ки дар робита ба ҷашни Сада дар сарчашмаҳои хаттии асримиёнагӣ маълумоти зарурӣ ва мубрам дарҷ гардидаанд.

Ҳамзамон Нурматзода Ҳасан – сардори шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии МД ОМТ дар мавзӯи “Инъикоси ҷашнҳои миллӣ дар асарҳои санъати тасвирӣ” андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки дар баробари инъикоси ҷашни Сада дар асару мақолаҳои олимону донишмандон инчунин дар офаридаҳои рассомон низ ин ҷашни ниёгон – Сада таҷассум гардидааст.

Дар охири конференсияи илмӣ миёни донишмандону пажӯҳишгарон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҷашни Сада табодули афкор сурат гирифт.

Пас аз анҷоми конференсия барои иштирокчиён аз ҷониби роҳбаладон дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба таърихи ҷашни Сада экскурсияи мавзӯӣ баргузор карда  шуд.