Озмуни «Селфӣ дар Осорхона» таҳти унвони «Ман ва Осорхона» ҷамъбаст гардид.

Дӯстони азиз, мо бо камоли хушнудї эълон менамоем, ки озмуни «Селфӣ дар Осорхона», таҳти унвони «Ман ва Осорхона», ки ду ҳафта қабл ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва иқдомоти «Шабе дар Осорхона» аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Чун харвақта бисёр душвор буд, ки аз миёни тамоми аксҳои ба унвонии озмун воридшуда сурати беҳтаринро интихоб намоем.

Шумоён муҳтарам иштирокчиёни озмун, воқеъан, аксҳои зиёди ғайриоддиро ба мо равон намудед, расмҳои ирсолшударо шарњ навиштед ва ба пром-пости мо таваҷҷӯҳ зоҳир намудед.

Аз ин рӯ, пас аз баҳсу мунозирањои зиёд мо қарор додем ҒОЛИБОНИ ОЗМУН-ро тариқи усули борҳо санљидашуда муайян намоем. Ҳамин тариқ, рандомайзер ҒОЛИБОНИ ОЗМУН-ро муайн намуд. Ҷои якум: Дидор Садуллоев, Ҷои дуюм: Нигора Абдуллоева, Ҷои сеюм: Ситора Набиева.

Ба тамоми иштирокчиёни боқимондаи озмун ташаккури бепоён! Озурдахотир нагардед, дафъаи оянда ҳатман мувафаққият насиби Шумо хоҳад гашт. ТАШАККУР БА ШУМО, КИ БО МО ҲАСТЕД!!!