Боздиди муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал–Юсуфӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Имрӯз дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ», ки рӯзҳои 16 – 17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ҷаноби Ҳозим ал – Юсуфӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар китобу дастхатҳои нодир ва ёдгориҳои таъриихи замони Сомониён махсусан ҳунари кандакории рӯи чӯб ва машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик «Меҳроби Искодар», «Мақбараи Сомониён», «Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад» ва ғайра ба худ ҷалб намуд.
Пас аз тамошои осорхона ҷаноби Ҳозим ал-Юсуфӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.