Ҷоизаи намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои назарраси сатҳи байналмилалӣ дар соли 2019, сазовори Ҷоизаи баланд гардидани гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ барои рушди деҳот» дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» мебошад.
Намоишгоҳи мазкур аз 29 апрел соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардида, то 7 октябри соли 2019 идома ёфт, ки тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд.
Ҳамзамон дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд. Хушбахтона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мукофоти тиллоӣ гардид. Мавриди ёддошти махсус мебошад, ки ин ҷоизаи олӣ якумин мукофоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои боғпарварии сатҳи умумиҷаҳонӣ мебошад.
Ҷоизаи мазкур бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии он ба меҳмонони дохилу хориҷӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва маниторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров ба фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» супорида шуд.