Оғози корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Ҳалқаҷар
Оғози корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Ҳалқаҷар
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқу омӯзиш ва кашфи осори нодири таърихӣ аз ёдгориҳои бостонии ҳудуди кишвар мебошад.
Яке аз чунин ёдгориҳои машҳури замони кушониён, ки дар ноҳияи Хуросони Вилояти Хатлон воқеъ аст – ёдгории Ҳалқаҷар мебошад. Дар ин мавзеъ ҳафриётҳо солҳои 1958, 1973, 1981 аз ҷониби бостоншиносон Зеймал Т.И. Литвинский Б.А. ва Седов А.В. гузаронида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ ин ёдгориро соли 2001 академик Юсуфшоҳ Яъқубов ва солҳои 2014 ва 2020 мутахассисони Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода, осори гуногуни таърихиро пайдо намудаанд. Имсол низ бостоншиносони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 20.05.2025 дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносиро дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар, ки дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, баргузор намуд.
Албатта, таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.