Натиҷагирӣ аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона”
Рӯзи 24.05.2021 дар Осорхонаи миллии Тољикистон бо мақсади натиҷагирӣ ва бардошт аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона” нишасти васеъ доир гардид. Осорхонаи миллии Тољикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо имсол бори 8-ум чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона”-ро баргузор намуд. Рамзист, ки бахшида ба 30-солагии Иситиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаб 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Бо иштироки намояндагони сарпарасти кулли чорабинӣ – корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии “Сиёма”, сарпарасти расмии чорабинӣ – Ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, шарикони чорабинӣ – ширкати “Атлас таксӣ – 333”, ширкати “Abdullo Media”, МДК “Мадагаскар”, ҶДММ “555 МПК”, корхонаи қаннодии “Шоколатье”, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Озорбойҷон ва Федратсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳамаи онҳое, ки саҳми назарраси худро дар ташкил ва баргузор намудани чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона” гузоштанд, ҷаласа баргузор гардид. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ва кормандони собиқадори Осорхона, ки ҳоло дар нафақа қарор доранд аз ҷониби роҳбарияти Муассиса бо “Сипоснома”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир, умед карда шуд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳои судманд, ҷиҳати ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги ниёгон ба роҳ монда мешавад.