Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ»
Рӯзи 11.05.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикороти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарифов, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яқубов, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳром Қурбонов ва устодон Қаҳҳор Расулиён, Зикриё Акрамӣ, инчунин муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ва дигар олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конференсия зикр гардид, ки “Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки инро мо бевосита дар рушди соҳаҳои калидии кишвар мушоҳида менамоем”.
Зимнан дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доираи васеъи олимон, муаррихон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолиро таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор доданд.