Мулоқоти судманд бо намояндаи вазорати фарҳанги Россия

Рӯзи 6 июли соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Федератсияи Россия Наталия Василевна Чечел мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо осорхонаҳои Федератсияи Россия дар ҳамкориҳои хориҷии Осорхонаи миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби мо ба тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаи осорхонаҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва осорхонаҳои Россияро дар самтҳои мухталиф, бахусус дар самти ташкилу баргузор намудани намоишҳо ва давраҳои омӯзишӣ оид ба тармиму таҳкими осори таърихӣ муҳокима карданд.

Ҳамчунин муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Федератсияи Россия Наталия Василевна Чечел аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, аз наздик бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик шинос гардид.