МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Мулоқоти судманд


Рӯзи 29.05.2025 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо ҳайати бонуфузи Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, таҳти роҳбарии академик, Ноиби Президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян мулоқот намуданд.
Зимни дидор ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд миёни осорхонаҳои ду кишвар ва аҳамияти баргузории намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин табодули назар карданд.
Ҳамчунин Ли Готсян ва ҳайати ҳамроҳонаш аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва дастовардҳои замони Истиқлол ошно гардиданд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот ҷонибҳо ҳамчун анъана ба якдигар туҳфаҳо тақдим намуданд.