Мулоқот бо директори Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир
Мулоқот бо директори Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир
Дар таърихи 25 сентябри соли 2024 дар доираи баргузории намоиши “Роҳи бузурги Абрешим” мулоқоти директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо директори Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир Дуглас Гурр баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории миёни “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ва Осорхонаи таърихи табиат мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, омода намудани мутахассисони табиатшинос мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, энергияи сабз, ки вобаста ба ин мавзуъҳо дар “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” экспозитсияҳои доимамалкунанда фаъолият доранд, муаррифӣ гардиданд.
Таъкид гашт, ки шурӯъ аз соли 2017 дар Осорхонаи миллӣ ва берун аз он силсила намоишҳои сайёр бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” таҳти унвони “Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар осорхонаҳои қаламрави кишвар ба роҳ монда шуда, инчунин ба таври мунтазам оид ба “Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффо” экскурсияҳои мавзӯӣ баргузор мегарданд. Дар робита ба ин масъала, дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ толори “Пиряхҳои Тоҷикистон” ва гӯшаи мусаввараҳои эҷод намудаи наврасон бо номи “Фалсафаи об” фаъол мебошанд.