Мулоқот бо Директори Осорхонаи санъати исломӣ
Мулоқот бо Директори Осорхонаи санъати исломӣ
Дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср вохӯрии директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо директори Осорхонаи санъати исломӣ Доктор Аҳмад Сиём баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ миёни Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи санъати исломиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, зикр намуданд, ки дар доираи ин созишнома мо метавонем дар масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму барқарорсозии осори таърихӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду кишвар ва дигар самтҳои фаъолияти осорхонаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем.
Дар охир ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром миёни роҳбарони ҳарду муассиса тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.