Муаррифии китоби «Ганҷинаи Кӯлоб»

Рӯзи 27-уми ноябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” (Дирҳамҳои сомонӣ)-и нумизмат ва эпиграфисти тоҷик Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ баргузор гардид. Ин асар бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори 1120-солагии таъсисёбии давлати Сомониён дар КВД Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар муаррифии китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” олимону донишмандони соҳа аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ширкат варзиданд. “Ганҷинаи Кӯлоб” дар асоси таҳқиқи дафинаи бузурги сиккањои Сомонӣ, ки аз Кӯлоб бозёфт гардидаанд таълиф шуда, 1405 дирҳам ва 104 дирҳампораро дар бар гирифтааст. Ин дафина калонтарин ганҷинаи дирҳамҳои сомонӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Аҳмияти илмии китоби мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки он ба таҳқиқи ганҷинаи нав ёфтшуда ва то ҳол омӯхтанашуда бахшида шуда, доир ба сиккасозӣ ва муомилоти пулии Хатлон дар замони Сомониён маълумотҳои нав медиҳад.

Доир ба ганҷинаҳои дирҳамҳои сомонӣ асарҳо ва мақолаҳо чоп шудаанд, аммо дар ягонтои онҳо гурӯҳбандии муфассали сиккаҳо иҷро карда нашудааст. Дар ин росто, китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” ягона мебошад. Дар ин ганҷина 60 намуд ва 79 гузинаи дирҳамҳо муайян ва шарҳ дода шудааст. Гурӯҳбандии пешниҳодшударо сиккашиносон метавонанд дар омӯзиши ганҷинаҳои дигар татбиқ намоянд ва ин дастоварди хуби илмӣ мебошад. Дастоварди муҳими муаллифи китоб кашфи заробхонаи Сомониён дар Вахш мебошад, ки то ҳол маълум набуд. Вижагии дигари “Ганҷинаи Кӯлоб” дар он аст, ки дар он сиккаҳои зарби Хуттал, ба миқдори 581 дона мавҷуданд. Ин дар ҳолест, ки дар ганҷинаҳои дигар дирҳамҳои сомонии Хуттал на бештар аз 1-2 дона мебошанд.

Китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” дар бораи вазъи сиёсии Хуттал низ маълумоти ҷолиб медиҳад. Аз ҷумла, дар асоси сиккаҳо муайян карда шудааст, ки аз соли 270/883 то соли 289/901-902 Хуттал мустақил буда, аз ҷониби ҳокимони маҳаллӣ идора карда мешуд.

Соли 293/905-906 Исмоили Сомонӣ ин вилоятро ба давлати Сомониён ҳамроҳ мекунад ва ин санад барои таърихи Хатлон ва Сомониён хеле муҳим мебошад. Илова бар ин, бори нахуст феҳристи мукаммали ин ганҷина тартиб дода шуда, ба матни китоб замима гардидааст.