Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади сарнавиштсози давлатдории миллӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади сарнавиштсози давлатдории миллӣ 
 
Имрӯз 04.11.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади сарнавиштсози давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронси илмӣ директори Осорхонаи миллӣ, Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Иброҳимов С., мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ н.и.ҳ. доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қозиён Шариф Қозӣ, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоев Масрур, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ Шарофуддинов Суҳроб, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқи ДМТ Муродзода Умед ва ммӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Диловар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиши илмӣ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳои давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ходимони илмии Осорхонаи миллӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ ҳуқуқшиносон ва муаррихон роҷеъ ба мавзуъҳои “Конститутсия ва рушди падидаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон», “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд”, “Маърифати ҳуқуқӣ – асоси бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ”, “Конститутсия – кафили суботи давлатдории миллӣ”, “Конститутсия – санади таърихию тақдирсози миллат”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: хусусиятҳои ҳуқуқии он” ва “Нақши Конститутсия дар таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахс” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ боздид намуданд.