Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Тахти Сангин – мероси таърихии халқи тоҷик”
Бахшида ба таҷлили 2500-солагии ёдгории “Тахти Сангин” рӯзи 28.01.2022 дар Осорхонаи миллӣ дар мавзуи “Тахти Сангин – мероси таърихии халқи тоҷик” конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Осорхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори конфронс аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзӯъҳои “Тахти Сангин – маркази динии Ориёнвейҷ”, “Сиккаҳои Тахти Сангин”, “Тахти Сангин – яке аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони ҷанубӣ”, “Инъикоси фарҳанги элинистӣ дар ёдгории Тахти Сангин”, “Инъикоси бозёфтҳои “Тахти Сангин” дар Осорхонаи миллӣ”, “Бунёди имитатсияи ёдгории Тахти сангин дар Осорхонаи миллӣ”, “Хазинаи Амударё дар Осорхонаи Британияи Кабир: ҳифз ва муаррифӣ” ва “Ду бозёфти нодир аз Тахти сангин” ироа гардиданд.
Дар интиҳои конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ миёни олимон, муҳаққиқон, бостоншиносон ва дигар иштирокчиён дар мавзӯи “Тахти Сангин – мероси таърихии халқи тоҷик” муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Иштирокчиён дар доираи конфронс аз рафти сохтмони имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” дар ошёнаи якуми экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуда, фикру андешаҳои аз назари илм тасдиқ ёфтаи худро барои мукаммал ва дар сатҳи баланд омода намудани он пешниҳод намуданд. Албатта, фикру андешаҳои иштирокчиёни конфронси мазкур дар раванди сохтмони имитатсияи ин ёдгорӣ дар Осорхонаи миллӣ истифода мегарданд.
“Тахти Сангин” яке аз машҳуртарин ёдгориҳои қисмати ҷануби Тоҷикистон буда, марбут ба асрҳои V то мелод ва II мелодӣ мебошад. Ин ёдгорӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти сангин” ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар соли 2022 ворид карда шуд.
Кенҷаев Фариддун – сухангӯи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”