Конференсияи илмӣ-назарявӣ дар мавзӯи “Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ”
Рӯзи 24.11.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” таҳти унвони “Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ” конференсияи илмӣ-назарявӣ баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, устодони Донишогҳи миллии Тоҷикистон Қаҳҳор Расулиён, Шоев Ғайратшо, Муъминов Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуд, ки “даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст”.
Ҳамчунин дар кори конференсия баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ба хусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басо ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.
Имрӯз дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI -уми Шўрои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бўсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Парчам – таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар мебошад.