Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои олимаҳои ҷумҳурӣ»

Рӯзи 27.05.2021 Муассисаи давлатии “Осорхонаи  миллии Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои олимаҳои ҷумҳурӣ» баргузор намуд.

Дар кори конференсия директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода, муовини ректори Донишогҳи миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Ҷамила, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев Н. М., Зикриёев Ф.Б., устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва дигар олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс қайд гардид, ки зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат ва ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуд, ки “дар ҳамаи иқдомҳои наҷиб ва дастовардҳои таърихии миллати шарафманди тоҷик хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, хеле бузург аст”.

Ҳамзамон дар доираи конференсияи мазкур таҳти унвони “Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аз фонди  Осорхонаи миллии  Тољикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова  мусаввараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари олимаҳои тоҷик ва саҳми боризи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни кишвар ва дар арсаи илми ватаниву умумибашарӣ нишон медиҳад.

Намоиши “Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то 01.06.2021 идома меёбад.