Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Абурайҳон Берунӣ – мутафаккири бузурги Машриқзамин»
Рӯзи 10.02.2022 дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 1050 – солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардидаст, конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Абурайҳон Берунӣ – мутафаккири бузурги Машриқзамин» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Институти астрофизикаи АМИТ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои Ӯзбекистону Эрон дар шаҳри Душанбе ва бо тариқи маҷозӣ (онлайн) олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода қисмати расмии конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам намуданд. Мавсуф дар суханронии хеш аз ҷумла зикр доштанд, ки “Воқеан, миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд”.
Абурайҳон Берунӣ яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс буда, дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бориз дорад. Аз ин рӯ, дар кори конференсияи илмӣ олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ мавзӯъҳои Абурайҳон Берунӣ ва саҳми ӯ дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ; Абурайҳони Берунӣ – поягузори инқилоби илмӣ дар Осиёи Марказӣ ва Эрон; Абурайҳони Берунӣ – устоди забони модарии мо; Ду рисола дар бораи астролоби Абурайҳони Берунӣ; Саҳми Абурайҳон Берунӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ; Корбурди луғоти санскрит дар асари “Молил Ҳинд”-и Абурайҳон Берунӣ ва ғайраҳо мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир миёни иштирокчиёни конференсияи илмӣ – назариявии байналмилалӣ дар мавзўи «Абурайҳон Берунӣ – мутафаккири бузурги Машриқзамин» муњокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Натиҷаи конференсияи илмӣ-назарявии мазкур дар шакли “Маводи конференсияи байналмилалӣ” ба нашр мерасад.
Кенҷаев Фаридун – сухангӯи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”