Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони …
Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун” дар шаҳри Самарқанд
Дар доираи ин ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ суханронӣ намуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, доир ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, шоирону олимони тоҷик ба монанди Ато Ҳамдам, Аскар Ҳаким, намояндагони рӯзномаи бонуфузи “Овози тоҷик” ва дигар олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадҳои пурмуҳтаво перомуни равобити дустонаи давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд маърузаҳои илмӣ намуданд.