Иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона-2024” дар Осорхонаи миллӣ
Иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона-2024” дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 18.05.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” аз соати 18:00 то 23:00 баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ҳамзамон сарпаст ва шарикони чорабинӣ намояндаи бонки Душанбе Ситӣ Додоҷонов Абдураҳим, намояндаи ширкати Азия Принт Мирзомониева Назира ва намояндаи Лоиҳаи Экошаҳр аз “Як таксӣ» Гайбуллоев Исмоил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур сафирони кишварҳои Русия, Узбекистон, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Кореа, Фаронса, Фаластин, Покистон, Хитой, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” имсол маротибаи 11-ум аст, ки иқдомоти мазкурро барои тамошобинони ватаниву хориҷӣ ва тамоми дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намуд. Дар доираи ин иқдом дар роҳравҳо ва толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 24 намоишҳо ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки ҳамаи онҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик буданд.
Инчунин, дар қисмати намои берунии бинои муассиса тавассути экрани калонҳаҷм филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” пешкаши ҳамагон гардонида шуда, дар саҳни ҳавлии муассиса бошад барои фароғати фарҳангии сокинони кишвар шоу консерти сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ зери унвони “Навои Истиқлол” баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, иќдомоти байналмилалии “Шабе дар осорхона – 2024” дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву якдилӣ пешкаши сокинони фарҳангдӯсти кишвар гардида, дар он 15 620 нафар иштирок намуданд.