ХУШХАБАР! Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии “Роҳҳои …

ХУШХАБАР! Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии “Роҳҳои Абрешим” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Рӯзи 17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуда истодааст, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии “Роҳҳои Абрешим”: “Гузаргоҳи Зарафшон-Қароқум” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Яъне, 9 (нуҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил шуданд.

Бешубҳа, ин яке аз бузургтарин дастовардҳои соҳаи фарҳанги кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар самти ҳифзу муаррифии мероси ниёгони тоҷикон нақши муассир хоҳад гузошт.

Ин муждаи нек ба кулли мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон муборак бод!