Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон

Бахшида ба «Рӯзи Модар» 04-уми марти соли 2020 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистонтаҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои  мусаввирони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, устодон ва донишҷуёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов, ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ Зебуниссо Рустамова ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.