“Нурворизм” ва “Танворизм” – Ифтитоҳи намоиши асарҳои …
“Нурворизм” ва “Танворизм” – Ифтитоҳи намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 10.07.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Ду равияи як рассом” намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаву навовари тоҷик, муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ, барандаи ҷоизаҳои рассомии байналмилалӣ, академик Зокир Собиров таҳти унвони “Ду равияи як рассом” ифтитоҳ гардид. Пеш аз ифтитоҳи расмии намоиш ҳамоиши донишмандону санъатшиносон оид ба эҷодиёти рассом Зокир Собиров баргузор гардида вобаста ба ин мавзуъ андешаҳои мутахассисон шунида шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, рассомон, санъатшиносон, ҳунармандон ва дигар ҳаводорони ин навъи ҳунар иштирок намуданд.
Намоиши рассомӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии устод Зокир Собиров баргузор шуда, дар он намунаҳои барҷастаи эҷодиёти ӯ дар самти табиатнигорӣ, ороишоти саҳнавӣ, меъморӣ, чеҳраофарӣ ва дигар усулҳои рассомӣ дар қолаби ду равияи эҷоднамудаи рассом – “Нурворизм” ва “Танворизм” ба марази тамошо гузошта шуд.
Зокир Собиров муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ дар таърихи наққошии ҷаҳон мебошад, ки ин равияҳоро бо номҳои миллии тоҷикӣ – “Нурворизм” ва “Танворизм” ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод ва муаррифӣ намудааст. Равияҳои ӯ дар фарҳанги наққошии миллию ҷаҳонӣ падидаи ҷадид маҳсуб шуда, бо вижагиҳои эҷодӣ ва унсурҳои табиияшон ҳамчун сарвати миллии тоҷикӣ эътироф мешаванд.
Осори академик З.Собиров дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷаҳонӣбо номи миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва рӯйнамоӣ шуда, маҳз навоварии эҷодӣ ва вижагии хоси ин асарҳо будааст, ки дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, чор медали тилло (солҳои 2015, 2019, 2020, 2021 Ню-Йорки Амрико), шоҳҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” дар ШМА ва ҷоизаи “Беҳтарин рассом” (2018) дар кишвари Украина аз зумраи онҳо мебошанд.
Намоиши “Ду равияи як рассом” то 20.07.2024 идома меёбад. Марҳабо ба тамошои намоиш!