Намоиши «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»

22 ноябри соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид, ки ба муносибати 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» (соли 1993) бахшида шуда буд.

Дар намоиш 299 адад сурату ҳуҷҷатҳо аз Агентии бойгонии федералӣ ва Бойгонии давлатии Федератсияи Россия ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки онҳо муҳимтарин аксҳо ва ҳуҷҷатҳо аз равобити гузаштаю имрӯзаи Тоҷикистон ва Россия мебошанд. Ин намоишгоҳ таърихи 150-солаи муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Россияро инъикос менамояд.

Ҳамзамон дар доираи ҷамъомад муаррифии китоб-феҳраст (каталог)-и ёдгориҳои намоиш бо номи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» дар ошёнаи дуюм рӯнамоӣ карда шуд.

Дар доираи намоиши “Тоҷикистон ва Россия бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ” дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури ширкаткунандагони мазкур намоиши асарҳои мусаввирони Тоҷикистон ва Россия аз фонди ОМТ баргузор гардида, зиёда аз 200 адад офаридаҳои рассомони ҳарду кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Мусаввараҳо марбут ба нимаи дуюми асри XIX ва XX буда, мазмуну мундариҷаи асарҳои ба намоиш гузошташуда гуногун мебошанд. Аз ҷумла симоҳои барҷастаи намояндагони халқи тоҷик ва рус, воқеаҳои таърихӣ, робитаҳои дӯстӣ, меҳмоннавозии тоҷикон ва табиати зебою нотакрори Тоҷикистон ва Россия тасвир ёфтаанд.

Бояд зикр намуд, ки намоиши мазкур бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Академияи илмҳои Федератсияи Россия, Агентии бойгонии федералӣ ва Бойгонии давлатии Федератсияи Россия ташкил карда шуд.

Имрӯз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳарду кишвар аз қабили илм, маориф, фанҳанг, тиҷорат, иқтисод, сиёсат ва ҳарбӣ-техникиро фаро гирифтааст. Бар замми ҳамкориҳои дуҷониба ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ ҳамкорӣ менамоянд.