Намоиши “Тасвири симои Мирзо Турсунзода дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” 02.05.2021

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ” Конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ баргузор намуд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ин конференесия дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Турсунзода бо истифода аз осори дар фонди тиллоии хеш маҳфуз буда, зери унвони “Тасвири симои Мирзо Турсунзода дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” намоиш баргузор намуд. Дар асарҳои ба тамошо гузошташуда, аз ҷониби рассомон симо ва лаҳзаҳои фаъолияти кории устод Мирзо Турсунзода офарида шудаанд.

Дар кори конференесияи мазкур шахсиятҳои маъруфи кишвар, олимону донишмандон ва аҳли зиёи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.