Намоиши «Симои Зан-Модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон»

Санаи 05.03.2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои Зан-Модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиш баргузор гардид. Дар намоиш устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ҳамчунин ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Марям Исоева ва ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон Зебунисо Рустамова ва дигарон иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, Зебунисо Рустамова ва Марям Исоева суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми занони кишварро дар робита ба ин санаи ҷашнӣ табрик намуда, ба онҳо орзуҳои нек таманно намуданд.

Дар намоиш аз фонди захиравии ОМТ беш аз 30 мусаввара ва 8 нимпайкара ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди асарҳои рассомони машҳур: Лисиков И. Л. “Симои Зебунисо Рустамова”, Шипулин М. Н. “Симои Тӯҳфа Фозилова, “Симои М. Исоева дар нақши Гертруда”, нимпайкараи “Асрора Аҳмадова” Ғаниев А. А. ва аз муосирон бошад Олимов Э. асараш бо номи “Орзукунанда” ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба ин рӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назарявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор гардид.

Дар рафти конференсияи мазкур аз ҷониби олимон мавзуъҳои муҳими илмӣ оид ба фаъолият ва эҷодиёти занони тоҷик матраҳ гардид.

Намоиши «Симои Зан-Модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 15 марти соли 2019 идома меёбад.