Намоиши сайёри Осорхонаи миллӣ дар Кохи Наврӯз
Намоиши сайёри Осорхонаи миллӣ дар Кохи Наврӯз
Санаи 30.03.2024 намоиши сайёри Осорхонаи миллӣ дар Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо истифода аз ашёву нигораҳои Осорхонаи миллӣ аз қабили сӯзани, мисгарӣ, мусаввараву кундал, созҳои мусиқӣ, заргарӣ ва ғайра баргузор гардид.
Дар рафти намоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоту идораҳои гуногун, вазорату кумитаҳо, меҳмонони хориҷӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, коршиносону муҳаққиқон, ва васоити ахбори омма иштирок варзиданд.
Бояд зикр намуд, ки Наврӯз бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолааш куҳантарин ҷашни мардуми ориёнтабор, хусусан тоҷикон ба ҳисоб рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб рафта, бо қадами сабзи худ куҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад .