Намоиши “Рӯзи сафед”
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии эҷодиёти Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, рӯзи 03.09.2016, соати 12-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Рӯзи сафед ифтитоҳ гардид. Дар намоиш зиёда аз 20 асари калонҳаҷми рассом Сабзалӣ Муродзодаи Шариф гузошта шудаанд. Сабзалӣ Муродзодаи Шариф соли 1946 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Соли 1967 баъди хатми омӯзишгоҳ ба Донишкадаи театриву рассомии ба номи Н. Островскии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1972 хатм менамояд. Баъди хатми таҳсил ӯ ба сифати муаллими касбҳои тахассусӣ дар омӯзишгоҳи рассомии ш. Душанбе ба кор оғоз намуда, дар ин соҳа зиёда аз 40-сол боз фаъолият намуда истодааст. Намоиши асарҳои Сабзалӣ Муродзодаи Шариф дар шаҳрҳои Москва (солҳои 1979-1980), Кечкемети Маҷористон (соли 1981), Кипр (соли 1984), Афғонистон (соли 1986), Полша (соли 1990), Олмони Федеролӣ (соли 1997) баргузор гардидаанд. Дар омода намудани намоиши дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи намоишгоҳи ЭКСПО-2005 (Япония, соли 2005), намоиши байналмилалии Симои Замон (Москва, соли 2016) фаъолона саҳмгузорӣ намудааст.
Иштирокчии симпозиумҳои байналмилалӣ дар Венгрия, Полша, Федератсияи Россия буда, Сабзалӣ Муродзодаи Шариф муаллифи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои давлатии Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Дӯстии халқҳо, медали ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, медали Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби Сабзалӣ Муродзодаи Шариф ороиши чунин иншоотҳои бузурги давлатӣ ба анҷом расидааст: бинои меҳмонхонаи Тоҷикистон (соли 1975), Сирки давлатӣ (солҳои 1977-1978), Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев (солҳои 1979-1980), кохи кинову консертии Борбад (солҳои 1982-1984), театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (солҳои 1989-1990), театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (солҳои 2004-2005), Китобхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 2011-2012, асари монументалии аз давра ба давра, аз дида ба дида). Сабзалӣ Муродзодаи Шариф бо унвонҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон, Арбоби хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардонида шудааст. Намоишҳои баргузонамудааш: Сиёҳ ва сафед (соли 1996, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи К. Беҳзод), Субҳи сафед (соли 2006, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ) мебошанд.
Намоиши Рӯзи сафед (3-сентябри соли 2016, Осорхонаи миллии Тоҷикистон) фарогири асарҳои навэҷоди Сабзалӣ Муродзодаи Шариф буда, он то 01 октябри соли 2016 фаъолият менамояд