Намоиши ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22.02.2022 дар бинои Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар намоиши ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва МТМУ №53-и ш. Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар сухани ифтитоҳии хеш нахуст ҳамаи сарбозону афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик намуд. Сипас зикр намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Бахшида ба ин иди расмии давлатӣ Осорхонаи миллӣ тасмим гирифтаст, ки шурӯъ аз рӯзи 20 то 23 феврали соли ҷорӣ 1500 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоишҳои ҷашнии осорхона ҷалб намояд.