Ифтитоҳи тантанавии толори таҷдидшудаи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхонаи миллӣ

Рӯзи 06.09.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 31–умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони вазоратҳои фарҳанг, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳизби Халқи Демакратии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, афсарону сарбозон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, хонандагони муассисаҳои таълимии №8 ва №53 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” муҳтарам Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва давлатдорӣ мебошад.

Ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ экспозитсияи толори “Истиқлолияти давлатӣ” дар Осорхонаи миллӣ таҷдид гардида, ба намоиш акси рӯйдодҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ илова гардиданд. Нигораҳо, аксу китобҳо ва ашёи осорхонавии иловашуда, инъикосгарӣ соҳаҳои зерин: Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии мамлакат, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш мебошад.

Сипас намояндагони соҳаҳои гуногун ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки адибон ва аҳли ҳунар чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.