Намоиши Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои миллии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим

Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баҳри муаррифии осори ниёгон дар намоиши байналмилалии «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» ки аз таърихи 11 апрел то 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳри Пекин) дар доираи чорабинии «Мубодила ва омӯзиши мутақобилаи миёни тамаддунҳо» баргузор гардид иштирок намуд.

Мақсад аз баргузории намоиш муаррифӣ намудани осори фарҳангу тамаддуни халқиятҳое, ки дар қарнҳои бостон ва имрӯз дар тӯли Роҳи Бузурги Абрешим зиндагонӣ менамоянд иборат буда, шинос намудани оламиён бо шоҳкориҳои офаридаи ҳунармандони кишварҳои масири ин роҳ дар замони фаъолияти Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва давраи баъдии он то охири асри XIX мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин намоиш, аз фонди тиллоии худ 15 адад экспонатҳои нодири таърихии марбут ба давраҳои гуногунро аз қабили санг бо навиштаҷоти суғдӣ (асрҳои VII-VIII), кӯзаҳои мунаққаши катибадори асрҳои X-XI, сипар бо тасвири фариштаҳо (асрҳои XV-XVI) коса, ҷом, лаълиҳои катибадори асри XIX, рангдону қаламдони асрҳои XVIII- XIX, ба маърази тамошо гузошт.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ёдгориҳо аз осорхонаи таърихии ш. Москваи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Осорхонаи миллии Муғулистон, осорхонаҳои таърихии кишварҳои Яман, Комбоҷа, Латвия, Словения, Руминия, Япония, Корея, Чин пешниҳоди тамошобинон гардиданд.