Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
6 майи соли 2016 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ бахшида ба 71 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш мусаввараҳои марбут ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳуҷҷатҳо, мактубҳо аз фронт, плакатҳо, либоси низомии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – адиб Фотеҳ Ниёзӣ, портретҳои Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар толори намоишӣ филми ҳуҷҷатӣ оид ба партизани тоҷик Ашуров Малик (Иван-тоҷик) ва филми Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиш дода шуданд.
Намоиш то таърихи 26 майи соли 2016 идома меёбад.