Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии …
Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии тоҷикистон – ватани азизи ман Дар осорхонаи миллӣ
Санаи 16.01.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон – Ватани азизи ман дар Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиров Ҷалолиддин, намояндаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва гирандаи шоҳҷоизаи “Озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон – Ватани азизи ман” Муҳаммадҷон Ҳакимзода суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, донишҷуёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар намоиши мазкур асарҳое, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2023 аз номинасияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2023 озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардидаанд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат намуданд.
Тибқи низомномаи озмун асарҳое, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2023 аз номинасияи санъати тасвирӣ ва дизайн ғолиб гардидаанд ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд, ки намоиши имрӯза аз ҳисоби онҳо ташкил карда шудааст.