Намоиши “Асарҳои рассомони Аврупои ғарбӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон”
Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он асарҳои рассомони Аврупои ғарбӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар намоиш асарҳои Дунтсе И.Б. “Яхмолакбозӣ”, Швендт К. “Соҳил”, Вербукҳовен Э.Ҷ. “Гӯсфандҳо”, Френтсел О. “Пода дар домана”, Маттиас Ш. “Дар саҳна”, Иоганн Б.Л. “Симои зан”, Амберг В.А. “Симои зани италявӣ”, Солие П.А. “Маҳбуб”, Изер Ҳ. “Симои пирамарди номанавис”, Жан-Лоран М. “Симои рассом Виолэ”, Беллини Ҷ. “Азодорӣ” (нусхаи Лохов Н.Н.), Рафаэл С. “Олиҳа бо ниқоби турин” (Хоби Исо) нусха, Эйферт В.А. “Манзара бо ғарамзор”, Пик А. “Осиёб”, инчунин аз муаллифони номаълум “Симои зан”, “Эрот бо кабӯтарон”, “Мубаллиғон” ва “Натюморт” пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст.
Ин асарҳои марбут ба асрҳои 16 ва 18 буда, аз ҷониби рассомони машҳури кишварҳои Фаронса, Италия, Олмон ва Ҳолланди қитъаи Аврупо офарида шудаанд. Асарҳои мазкур солҳои 50-умии асри 20 аз Осорхонаи давлатии ба номи А. Пушкин баҳри ғанӣ намудани фонди Осорхонаи санъати тасвирӣ, ки навбунёд буд, ба шаҳри Душанбе фиристода шуда буданд. Давоми ин муддат онҳо дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва баъзеи онҳо аз ҷониби мутахассисони муассиса тармиму таҳким гардида, ба ин восита то ба имрӯз ба мерос гузошта шудаанд. Ин намоиш ба тамошобинон имкон медиҳад, то бо шоҳкориҳои мусаввирони асрҳои 16 ва 18-и Аврупои ғарбӣ аз наздик шинос шуда, аз асарҳои офаридаи онҳо ҷаҳони маънавии худро ғанӣ намоянд.
Намоиши мазкур то 28 феврали соли 2022 идома меёбад.