Намоиш ва конфронси илмӣ таҳти унвони «Ҳулбук – нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 26 феврали соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ таҳти унвони “Ҳулбук – нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик” баргузор намуд.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода аз ҷумла зикр намуд, ки “Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин бора меъмории бошукуҳи он ва бозёфтҳои нодири бостонӣ бараъло шаҳодат медиҳанд”.

Дар намоиш беш аз 220 адад бозёфтҳои арзишманд ва нодири марбут ба ҳунарҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ, гаҷкорӣ, шишагарӣ, сафолгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ ва мисгарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст, ки аз рушди онҳо дар Ҳулбук гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳамчунин дар як гӯшаи намоиш маҷмӯи донаҳои шоҳмот ва як ҷуфт тос барои бозии нард ба маъраз гузошта шудаанд, ки бозёфтҳои асли ин ёдгорӣ буда, аз маъмул будани ин бозиҳо дар Ҳулбук гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳои шишагӣ ба монанди қароба, қатрарез, атрдон ва дигарҳо бошанд баёнгари рушди ҳунари шишагарӣ дар Ҳулбук мебошанд.

Дар маркази намоишгоҳ бошад тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад доир ба ёдгории Ҳулбук манзури тамошобинон гардонида шудааст.

Дар ҳошияи ин намоиш зери унвони “Ҳулбук – нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик”  конфронси илмӣ низ баргузор гардид, ки дар кори он олимону пажӯҳишгарон иштирок ва оид ба таърих, осор ва аҳамияти ин ёдгорӣ суханронӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Ҳулбук ҳамчун ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардида, дар раванди омӯзиш қарор дорад.

Марҳамат ба намоиши «Ҳулбук – нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик».