Марвориди Шарқ

Рӯзи 19.11.2016, соати 14-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Наргис Ҳамидова таҳти унвони «Марвориди Шарқ» ифтитоҳ мегардад, ки дар он зиёда аз 50 адад мусаввараҳои офаридаи мусаввир ба намоиш гузошта шудааст.

Намоиш ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бахшида шудааст.

Наргис Ҳамидова дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, хатмкардаи шуъбаи мусаввирии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад. Аз соли 2001 узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, аз соли 2011 узви Академияи мусаввирии Тоҷикистон буда, асарҳояш дар осорхонаҳои Федератсияи Россия, Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Наргис Ҳамидова дар баробари фаъолияти эҷодӣ, ҳамзамон ба кори омӯзгорӣ шуғл меварзад. Мавсуф дар вазифаҳои муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (солҳои 1998 – 2010), мудири кафедраи санъати тасвирии – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (солҳои 2010 – 2013), декани факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (солҳои 2013 – 2015) кор намуда, аз соли 2015 то ба имрӯз дар вазифаи муовини директор оид ба таълим дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият намуда истодааст. Наргис Ҳамидова барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳо дар рушди санъати тасвирии тоҷик бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст. Намоиши асарҳои Наргис Ҳомидова то таърихи 14.12. 2016 идома меёбад.