Ифтитоҳ Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” …
Ифтитоҳ Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе”дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 3-юми октябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО ва дигар меҳмонону дӯстдорони китоб Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз ноширони ватанӣ: “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Нашриёти муосир”, “Ирфон”, “Адиб”, “Эр-граф”, КВД “Шарқи озод”, “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, “Адабиёти бачагона”, ҶДММ “Товус”, КВДТС “Китоб” ва ноширони хориҷӣ аз кишварҳои Россия, Беларус, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Эрон иштирок доранд.
Зимнан дар доираи Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки олимон ва шоирону нависандагон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр мебошад, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 инҷониб ҳамасола Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” доир мегардад. Ин намоишгоҳ дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстиву маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа махсусан наврасону ҷавонон тавассути мутолиаи китоб нақши хеле муҳим мебозад.
Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” то рӯзи 5-уми октябри соли 2023 идома менамояд.
Марҳабо ба Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе”.