Ифтитоҳи расмии намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ дар …

Ифтитоҳи расмии намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

 

    26.01.2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи олмонӣ – фашистӣ” бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он баргузор гардид.
Дар кори намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори генералии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия Рибаков Сергей Евгениевич, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳомидҷон Темур, намояндаи Губернатори
Санкт-Петербург дар Маҷлиси қонунгузор Константин Сухенко, Раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират дар Санкт-Петербург Олег Капитанов, Раиси маъмурияти ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт-Петербург Владимир Омелнитский, Директори институти таърихи Санкт-Петербурги Академияи илмҳои Русия Сиренов Алексей ва дигар шахсони расмии ҳарду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханрониҳои худ роҷеъ ба саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград зикр намуданд, ки дар лаҳзаҳои фоҷиабор халқи тоҷик дар кутоҳтарин фурсат ба кӯмаки Ленингради муҳосирагашта шитофта, ҳаматарафа дастгирию кӯмак намуданд. Аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҶШС Тоҷикистон ҳазорҳо аризаҳои ихтиёриён ҷиҳати бо хоҳиши худ, тариқи фаврӣ ба сафи Артиш фиристодан ирсол шудаанд. То санаи 7-уми июли соли 1941 ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Сталинобод (Душанбе) 2503 адад аризаҳои ихтиёриён ворид шудаанд, ки аз ин шумора 745 ададро аризаҳои занон ташкил менамоянд. Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шуруъ аз аввалин моҳҳои ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони ҶШС Тоҷикистон ба муҳорибаҳо сафарбар шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштаанд.