Ифтитоҳи намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 01.11.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намоиши ҳунарҳои мардумии ин кишвар ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, мудири кулли раёсати ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвари Созмони фарҳанг ва иртиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Каёнӣ, намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Насироӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва дигар аҳли илму фарҳанги ду кишвар иштирок намуданд.
Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ дар суханронии хеш зикр намуд, ки “Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак ҳастанд. Эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд. Чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд. Муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забонӣ аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст”.
Дар намоиш маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, муқовасозӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, хушнависӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, либоси миллӣ, миниатюра, китобҳо, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамошо гузошта шудаанд.
Ифтитоҳи намоиши мазкур ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон медиҳад, то аз офаридаҳои ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз наздик ошно шаванд, ғизои маънавӣ гиранд ва фароғати фарҳангӣ намоянд. Зеро, маҳсулоти ба маърази дид бароварда шуда, воқеъан аз ҳунари воло ва завқи баланд ҳунармандон гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамчунин ҳунармандон бо дастони ҳунарманду меҳнатофаринашон ва маҳсулоти омоданамудаашон ақли бинандаро мафтун месозанд.
Намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид, то санаи 06.11.2022 идома меёбад.