Ифтитоҳи намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Инъикоси чеҳраи зан – модар дар ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон”

Рӯзи 29.06.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхнаи миллӣ” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намоиши II байналмилалии мусаввирони наврас ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, директори Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Раҳимӣ Комил, устодону мусаввирони навраси кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, ба афкору эҳсоси бинанда таъсири бузург мерасонад. Мусаввирон тавассути истифодаи моҳиронаи рангҳо асарҳое меофаранд, ки барои дарки онҳо донистани забон ва тарҷумон лозим намебошад. Яъне, танҳо ба воситаи тамошо ва таваҷҷуҳи амиқ тамошобин мазмуни асар ва ҳадафи муаллифро пайхас менамояд.

Дар намоиши байналмилалӣ наздики 180 адад корҳои эҷодии мусаввирони наврас аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Россия ба тамошо бароварда шудааст, ки иштирокчиён ва мусаввирони наврас аз онҳо дидан намуданд.

Мавзуи асосии асарҳои мусаввирони наврас дӯстию муҳаббат, сулҳу субот, осмони софу беғубор, муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, об ва масоили марбут ба он буда, ба ин восита дидгоҳи худро нисбат ба ин масъалаҳо инъикос намудаанд. Ин асарҳо ҳар як бинандаро ба ҷаҳони рангин, тахаюлоти бой ва орзуҳои кӯдакони ин кишварҳо ворид менамояд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин намоиш миёни наврасони кишварҳои болозикр ба наздику мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ гардида, барои боз ҳам беҳтару хубтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбаладон ба мусаввирони наврас сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардида, таърих, фарҳанг, табиат ва ҳунарҳои гуногуни тоҷикон ба онҳо муаррифӣ карда шуданд.