Ифтитоҳи намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”

Рӯзи 25.02.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҷиҳати дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Панҷшанбезода Муҳиддин, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Зулфия, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш – Убайдулло Насрулло Каримзода, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Мишел Тарран, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон – Бобомуллоев Саидмурод, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуданд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар даврони соҳибистиқлолӣ бузургтарин намоиши кишвар дар Аврупо буда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои ин қитъа тавонистанд, бо таърихи беш аз шаш ҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд. 

Дар намоиш беш аз 300 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо фарогирандаи таърихи кӯҳани миллати тоҷик мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон, ба шарафи 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад.

 Дар ин намоиш ашёҳои таърихӣ аз ёдгориҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Он имкон медиҳад, то шаҳрвандону меҳмонони кишвар низ аз ин намоишгоҳ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ то охири моҳи апрел идома намуда, сокинонону меҳмонон имкон доранд, то аз ин намоиши нодири мероси ниёгони миллати тоҷик дидан намоянд.