Ифтитоҳи намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Ҷумҳурии Фаронса
Рӯзи 13 октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса намоиши осори таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Пас аз ифтитоҳи расмӣ ва боздиди сарони ду давлат аз намоиш, қисмати тантанавии он баргузор гардид. Дар намоиш доираи васеъи намояндагони ҳарду ҷониб: Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Каримзода Убайдулло, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Бобомуллоев Саидмурод ва Президенти Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме” хонум София Макариу, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуедар, директорони осорхонаҳои Ҷумҳурии Фаронса, инчунин муҳаққиқону дӯстдорони осори атиқа иштирок намуданд.
Президенти Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Париж хонум София Макариу, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса (собиқ Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ясмин Гуедар суханронӣ намуда, ифтитоҳи намоиши мазкурро натиҷаи густариши равобитаҳои фарҳангӣ ва омили боз ҳам наздик намудани мардумони ду кишвар номиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар намоиши мазкур 211 адад осори таърихии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардида, ба намоиш гузошта шудаанд, ки далели равшани соҳиби таъриху тамаддуни куҳан ва фарҳанги пурғановат будани миллати тоҷик мебошанд. Ин намоиш ҳар як тамошобинро бо давраҳои пурифтихори миллати тоҷик шурӯъ аз ҳазорсолаи IV пеш аз милод то X милодӣ шинос менамояд.
Осори нодири ба тамошо гузошташуда муаррифкунандаи таърих, фарҳанг, ҳунармандӣ, саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдориҳои тоҷикон дар асрҳои гуногун ва табиати зебои сарзамини Тоҷикистон мебошанд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намоишҳо миёни осорхонаҳо ба наздику мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ гардида, барои боз ҳам беҳтару хубтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки фарогири осори таърихии марбут ба миллати тоҷик мебошад, то 10 январи соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса идома меёбад.
Дӯстдорону ҳаводорони таъриху фарҳанги миллати тоҷик хусусан муҳаққиқону пажӯҳишгарони кишварҳои қитъаи Аврупо имкон доранд, то дар ин намоиш аз наздик бозёфтҳои ёдгориҳои марбут ба “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён”, “Давлати Сосониён”, “Панҷакенти қадим”, “Бунҷикат”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Ҳулбук”, “Сайёд” ва дафинаи сиккаҳои “Давлати Сомониён”-ро дидан намоянд.