Ифтитоҳи намоиши “Созҳои мусиқӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзи 15 июли соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълондошти Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ таҳти унвони “Созҳои мусиқӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ” намоиш ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тољикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки “Падид омадани найҳои устухонӣ аз ёдгории “Тахти Сангин” (асрҳои III-II т.м.), кашф гардидани тасвири рубобҳо дар сангнигораҳои ноҳияи Ишкошим (асри I м.), тасвири навозандагони чанг ва буқ аз ёдгории “Панҷакенти қадим” (асрҳои V-VIII), тасвири ансамбли мусиқачиёни руду чанг аз Уструшан (асрҳои VII-IX), тасвири навозандаи чанг ва рубоби камонӣ аз ёдгории “Ҳулбук” (асрҳои IX-X) ва амсоли инҳо далели қадима будани созҳои мусиқии тоҷикон маҳсуб меёбанд”.
Бояд зикр намуд, ки дар фонди Осорхонаи миллии Тољикистон беш аз 300 адад созҳои гуногуни мусиқии миллӣ аз қабили найю сурнай, дутору думбра, карнаю шайпур, рубобҳои гуногун, сетор, шаштор, ҳафтор, дафу доира ва таблу нағора ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешаванд.
Дар оғози намоиш бо истифода аз тасвири созҳои мусиқии деворнигораҳои ёдгориҳои Тоҷикистон таърих ва ташаккули созҳои мусиқии тоҷик нишон дода шудааст. Қадимтарин созҳои мусиқие, ки дар намоиш ба маъраз гузошта шудаанд найҳои устухонии мансуб ба асрҳои III-II то мелод мебошанд, ки аз ёдгории “Тахти Сангин” бозёфт гардидаанд.
Дар қисмати дигари намоиш созҳои мусиқии устодони санъати тоҷик: танбӯрҳо аз устоди “Шашмақом” Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, танбур аз падари Одина Ҳошимов – Қосимов Ҳошим, думбари гуруғлисарои машҳур Ҳикмат Ризо, рубоби Ҳунарманди машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов пешниҳод шудаанд.
Ҳамзамон дар гӯшае аз намоиш созҳои мусиқии дар даврони Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташудаи устоҳои моҳири кишвар пешниҳод шудаанд, ки аз рушди ҳунари созтарошӣ дар ин даврон дарак медиҳад. Ҳамзамон дар намоиш якчанд осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ки дар онҳо созҳои мусиқӣ тасвир ёфтаанд ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Намоиши “Созҳои мусиқӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ” то 1 августи 2021 идома меёбад.